Август 02, 2018 18:17 Asia/Dushanbe
  • Кишварҳои хориҷӣ дар Афғонистон ба дунболи интиқоли ДИИШ ба Осиёи Марказӣ

Коршиносони афғон эълом карданд, бархе кишварҳои хориҷӣ барои тақвияти ДИИШ дар Афғонистон ва интиқоли ин гурӯҳи террористӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, талош мекунанд.

Атиқаллоҳи Амрхайл, генерали бознишастаи афғон бо ишора ба ҳамлаи ахири гурӯҳи террористии ДИИШ ба гардишгарони дучархасавор дар Тоҷикистон гуфт: Кишварҳои сарватманди ҷаҳон дар раванди интиқоли ДИИШ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дахил ҳастанд.

Ҷовид Андеш, коршиноси умури сиёсӣ дар Афғонистон низ эълом кард: Ҳадафи кишварҳои хориҷӣ аз ташдиди ҷанг дар Афғонистон, тақвияти ДИИШ ва интиқоли ин гурӯҳи террористӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

 

Барчасп