Ихроҷи сафири Канада аз Арабистон
Вазорати умури хориҷаи Арабистон дар вокуниш ба ибрози нигаронии давлати Канада аз боздошти фаъолони ҷомеаи маданӣ ва ҳуқуқи занон дар Арабистон, сафири Канада дар Риёзро ихроҷ кард.
Ба гузориши ИРНА, Арабистони Саудӣ сафири Канада дар ин кишварро унсури номатлуб хонд ва ба ӯ 24 соат фурсат дод то хоки Арабистонро тарк кунад.
Арабистон ҳамчунин сафири худ дар Канадаро фаро хонд ва тамоми фаъолиятҳои тиҷорӣ ва сармоягузориҳои ҷадид дар ин кишварро мутаваққиф кард.
Режими Саудӣ сешанбешаб Самар Бадавӣ ва Нассима Ассода, ду фаъоли ҷомеаи маданӣ ва ҳуқуқи занон дар Арабистонро боздошт кард.
Канада пас аз ин боздоштҳо дар баёнияе аз дастгирии фаъолони маданӣ дар Арабистон ибрози нигаронӣ кард ва хостори озодии онҳо шуд.
Бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарӣ, аз ҷумла Афви Байналмилал ва Дидабони Ҳуқуқи Башар низ аз ин иқдоми режими Саудӣ интиқод карданд.
Афви Байналмилал ва Дидабони Ҳуқуқи Башар пештар низ борҳо аз саркӯби озодии баён, эъдом ва зиндонӣ кардани фаъолони ҳуқуқи башарӣ дар Арабистон интиқод карда буданд.
Ба эътирофи ин созмонҳо, режими Саудӣ яке аз аслитарин нақзкунандагони ҳуқуқи башар дар ҷаҳон аст.
Омори зиндониёни сиёсӣ дар Арабистон ба 30 ҳазор нафар мерасад.