Август 09, 2018 18:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мутаҷовизони Саудӣ ба автобуси ҳомили кӯдакон дар Яман

Мутаҷовизони Саудӣ автобуси ҳомили кӯдакони яманиро дар шаҳри Заҳёни устони Саъда дар шимоли Яман ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор доданд.  

Дар ҳамлаи ҷангандаҳои мутаҷовизони Саудӣ ба шаҳри Заҳён, ки автобуси ҳомили кӯдакони яманӣ низ дар ин ҳамла мавриди исобат қарор гирифт, дастикам 39 шаҳрванди ғайринизомӣ кушта ва 51 нафар захмӣ шуданд, ки бештари қурбониён кӯдак ҳастанд.

Манобеи яманӣ ҳамчунин хабар доданд, ду шаҳрванди яманӣ дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои мутаҷовизони Саудӣ ба мазраае дар ноҳияи Зубайди устони Алҳудайда дар ғарби Яман кушта шуданд ва як кӯдак низ захмӣ шуд.

 

Барчасп