Август 13, 2018 20:12 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти қарибулвуқуъ бар зидди террористҳо дар саҳрои Сурия

Манобеи сурӣ эълом карданд: Артиши Сурия ва муттаҳидонаш дар ҳумаи Ҳимс ва Дерулзур дар тадоруки оғози амалиёти густарда дар саҳрои Сурия зидди бозмондагони ДИИШ ҳастанд.

Ба нақл аз Алнашра, артиши Сурия муҳаёи шуруи амалиёте бо ҳадафи поксозии такфириҳо аз кулли саҳрои Сурия аст.  

Артиши Сурия пештар амалиёти густардаеро барои озодсозии ҷануби Сурия аз террористҳо оғоз карда ва токунун муваффақ ба поксозии беш аз 95 дарсади арозии ин минтақа шудааст.