Баёнияи Анҷумани уламои Яман дар маҳкумияти сиёсати Арабистон дар баробари ҳаҷ
Анҷумани уламои Яман, иқдоми режими саудӣ дар мамониат аз мушорикати мардуми ин кишвар дар маносики ҳаҷро маҳкум кард.
Ба гузориши шабакаи хабарии ал-Олам, Анҷумани уламои Яман рӯзи сешанбе бо судури баёнияе эълом кард, монеатарошии Оли Сауд дар мамониат аз ҳузури мардуми ин кишвар дар маросими ҳаҷи имсол маҳкум ва ғайрисломӣ аст.
Анҷумани уламои Яман ҳамчунин идомаи сайтараи Оли Сауд бар сарзаминҳои муқаддаси Макка ва Мадина, эҳтисоби он ба унвони милки хусусӣ ва қатли амдӣ ё саҳвии ҳоҷиёни Байтуллоҳилҳаромро маҳкум кард.
Уламои яманӣ аз уламои ҷаҳони ислом хостанд, иқдоми Оли Саудро дар заминаи монеатарошӣ дар баробари ҳоҷиёни кишварҳои мухолифи Арабистони Саудӣ маҳкум кунанд.
Дар баёнияи уламои Яман таъкид шудааст, ки ҳаҷ ҳақи мусаллами ҳамаи мусалмонон аст ва набояд монеи ҳаҷи ҳеҷ як аз мусалмонон шуд.
Режими Оли Сауд дар дувумин соли пайиҳам яманиҳоро аз маносики ҳаҷ маҳрум кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки бо вуҷуди сафари ҳайати расмии Яман ба Арабистон ва имзои тавофуқномаҳои маъмул дар бораи судури раводиди созмонёфта ва қавли расидагии мақомоти Вазорати ҳаҷи Арабистон, режими Оли Сауд ба ҳеҷ як аз ваъдаҳои худ амал накард.