Намози иди Қурбон дар Сурия бо ҳузури Башор Асад
Август 21, 2018 12:49 Asia/Dushanbe
Раиси ҷумҳурии Сурия дар ҳафтумин соли буҳрони кишвараш, дар намози иди саиди Қурбон ҳузур ёфт.
Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия (SANA), Башор Асад имрӯз - сешанбе намози иди Қурбонро дар масҷиди Ар -Равза, дар шаҳри Димишқ (пойтахт) ба ҷо овард.
Дар канори Асад, Муҳаммад Абдуссаттор, вазири авқоф, Аҳмад Бадруддин Ҳассун, муфтии кулли ҷумҳурӣ ва шуморе аз масъулони давлатии Сурия ҳузур доштанд.
Раисиҷумҳури Сурия соли гузашта намози иди Қурбонро дар масҷиди ҷомеи Билол, дар шаҳри Қора, дар Рифи Димишқ иқома карда буд.