Август 24, 2018 18:36 Asia/Dushanbe
  • Узви Ансоруллоҳи Яман: Долларҳои нефтии Арабистон ҷомеаи ҷаҳониро ба гаравгон гирифтааст

Узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман бо маҳкум кардани сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қиболи ҷиноятҳои Оли Сауд алайҳи мардуми Яман таъкид кард, долларҳои нефтии Арабистон, ҷомеаи ҷаҳониро ба гаравгон гирифтааст.

Ба гузориши ал-Масира, Зайфуллоҳ ал- Шомӣ, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, бо ишора ба ҷинояти ахири режими Саудӣ дар устони ал Ҳудайда афзуд, тадовуми ҷиноятҳои режими Саудӣ ва муттаҳидонаш дар Яман, нишондиҳандаи нақзи қавонини байналмилалӣ тавассути онҳо аст.

Вай бо баёни инки мутаҷовизони Саудӣ бо иртикоби ин гуна ҷиноятҳо ба думболи интиқомҷӯӣ аз пирӯзиҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ҳастанд, тасреҳ кард, Амрико масъули тамомии ҷиноятҳои зидди ҳуқуқи башарӣ дар Яман аст.

Ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ, асри панҷшанбе ду дастгоҳ худрави мутааллиқ ба оворагони яманиро шаҳри ал-Дурайҳимӣ дар устони ал Ҳудайдаи (ғарби Яман) ҳадаф қарор доданд, ки бар асари он 31 кӯдак ва зан яманӣ ҷон бохтанд.

Арабистон бо ҳимояти Иморот, Амрико ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовуз низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

 

 

Барчасп