Бомбаҳои хушаии Арабистон дар Яман бори дигар қурбонӣ гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i37610-Бомбаҳои_хушаии_Арабистон_дар_Яман_бори_дигар_қурбонӣ_гирифт
Инфиҷори як бомби хушаии дигар дар мазрааи яке аз шаҳрвандони яманӣ дар устони Саъда, ба кушта шудани ду кӯдак мунҷар шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 25, 2018 15:25 Asia/Dushanbe
  • Бомбаҳои хушаии Арабистон дар Яман бори дигар қурбонӣ гирифт

Инфиҷори як бомби хушаии дигар дар мазрааи яке аз шаҳрвандони яманӣ дар устони Саъда, ба кушта шудани ду кӯдак мунҷар шуд.

Манобеи огоҳ аз кушта шудани ду кӯдаки дигар бар асари инфиҷори як бомби хушаӣ аз бақоёи бомбаборони хушаии ин устон аз сӯи эътилофи Саудӣ хабар доданд.

Пойгоҳи хабарии “Ямани пресс” ба нақл аз як манбаи амниятӣ навишт, ки ин бомб дар мазрааи яке аз шаҳрвандони шаҳристони Китаф дар устони Саъда мунфаҷир шуд ва таи он ду кӯдак ба номҳои Одил Рошид Монеъ Абуросин 10 сола ва Ҳусайн Рошид Монеъ Абуросин 8 сола ҷони худро аз даст доданд.