Сентябр 02, 2018 13:15 Asia/Dushanbe
  • Эътилофи Саудӣ ба куштори кӯдакони яманӣ эътироф кард

Эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба ҳадаф қарор додани автобуси кӯдакони яманӣ дар устони Саъдаи Яман, эътироф кард.  

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Мансур ал-Мансур, сухангӯи расонаии гурӯҳи арзёби ҳаводис дар Яман, вобаста ба эътилоф мутаҷовизи Саудӣ, гуфт, ҳамла ба автобуси ҳомили кӯдакони яманӣ дар устони Саъда як «иштибоҳ» будааст.

Ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ панҷшанбеи 9 август, автобуси ҳомили кӯдакони яманиро дар шаҳри Заҳёни устони Саъда ҳадаф қарор доданд, ки бар асари он 55 кӯдак кушта ва 77 нафари дигар захмӣ шуданд. Бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ, ин ҷиноятро маҳкум кардаанд.

Созмони дидбони ҳуқуқи башар 16 август эълом кард, режими Саудӣ бо таслиҳоти амрикоӣ - бритониёӣ, донишомӯзони яманиро ба хоку хун кашидааст.

Арабистон бо ҳимояти Иморот, Амрико ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосириа заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунун ба кушта шудани беш аз чаҳордаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.