Сентябр 02, 2018 15:22 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Арабистон ба куштори кӯдакони яманӣ

Cаранҷом эътилофи мутаҷовизи Саудӣ таҳти фишори байналмилалӣ ҳадаф қарор додани автобуси ҳомили кӯдакони яманиро дар вилояти Саъдаи Яман эътироф кард. Мансур Аҳмад Алмансур, сухангӯи расонаии тими арзёби ҳаводис дар Яман, ки вобаста ба эътилофи мутаҷовизи Саудӣ аст, рӯзи шанбе гуфт, ҳамла ба автобуси ҳомили кӯдакони яманӣ дар вилояти Саъда “як иштибоҳ» будааст.

Ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ 9-уми август автобуси ҳомили кӯдакони яманиро дар шаҳри Заҳёни вилояти Саъда ҳадаф қарор доданд, ки бар асари он 55 кӯдак кушта ва 77 нафари дигар захмӣ шуд. Ҳудуди як ҳафта пас аз ин ҷиноят ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ ду мошини мутааллиқ ба оворагони яманиро дар минтақаи Алкуии ноҳияи Аддурайҳимӣ, ҷануби вилояти Алҳудайда ҳадаф қарор доданд. Дар ин ҷиноят 27 кӯдак ва 4 зан кушта шуд. Бисёре аз созмонҳои байналамилалӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар ин ҷиноётро маҳкум кардаанд. Дар чунин фазое чархиши мавзеи расонаии эътилофи Саудӣ дар шароитест, ки пеш аз ин Туркӣ Аламоликӣ, сухангӯи ин эътилоф ҳамлаи ҳавоии суратгирифтаро як «иқдоми машрӯи низомӣ» хонда буд.

Эътилофи Саудӣ бо баҳонаи ин ки дар моҷарои куштори донишомӯзони Саъда дучори иштибоҳи муҳосиботӣ шуда, дар садад баромад, то ҷавоби ба истилоҳ қонеъкунандае ба афкори умум бидиҳад. Ин дар ҳолест, ки ин иқдоми Оли Сауд ва зиддунақизгӯиҳои он на танҳо натавонистааст афкори умумро дар хусуси ҷиноёти Оли Сауд қонеъ кунад, балки афкори умум беш аз пеш мунтазири иқдомоти байналмилалӣ ҷиҳати ба муҳокима кашидани омилони ин ҷиноят, яъне эътилофи мутаҷовизи зидди Яман ба саркардагии Арабистон аст, то аз идомаи ҷиноят алайҳи мардуми Яман, бавижа кӯдакон ҷилавгирӣ шавад. Эътилофи Саудӣ пас аз он ки таҳти фишори афкори умум маҷбур ба ташкили кумитаи таҳқиқ дар бораи ҳодисаи автобуси ҳомили донишомӯзони яманӣ дар минтақаи Заҳёни вилояти Саъда шуд, ба манзури ҷилавгирӣ аз байналамилалӣ шудани қазия бо эътироф ба куштори кӯдакони яманӣ ва иштибоҳӣ хондани ин ҳамла талош кард, то ҳудуде худро аз оқибати ин ҷинояти ҳавлнок дур кунад. Дар ин чорчӯб эътилофи Саудӣ зимни судури баёнияе «иштибоҳӣ» будани ин ҳамларо эътироф ва танҳо ба ибрози таассуф иктифо кард.

Эътирофи Оли Сауд ба ҷиноят аз бори ҳуқуқии расидагии байналмилалӣ ба он намекоҳад ва бо ин  эътироф ҳамроҳ қарор гирифтани номи Арабистон дар феҳрасти сиёҳи кишварҳои нақзкунандаи Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак барои дувумин соли мутаволӣ тавассути Созмони Милали Муттаҳид, ташкили Кумитаи байналмилалии расидагӣ ба ҷинояти Арабистон ва ирҷои мавзӯъ ба Додгоҳи Байналмилалии Гаагаро заруритар кардааст. Буъди расонаӣ ва ҳуқуқибашарӣ ва маҳкумияти байналмилалии ҷиноёти эътилофи Саудӣ, бавижа ин ду ҷинояти ахири Оли Сауд алайҳи кӯдакони яманӣ, ки дар он маҷмӯан даҳҳо кӯдаки яманӣ кушта шуданд, ба ҳаддест, ки ҳатто вокуниши бархе аз сенаторҳои амрикоиро ба дунбол доштааст. Ба унвони намуна, Крис Муриёнфи, сенатори амрикоӣ дар ин замина гуфт: «Барои ман ғайриқобили тасаввур аст, ки мо бо майли худамон дар куштори кӯдакони яманӣ мушорикат мекунем, бавижа вақте ки ҳеҷ манфиате барои амнияти Амрико вуҷуд надорад. Ин мавзӯъ, воқеан, девонакунанда аст”. Ӯ дар саҳни Сенат дар канори тасвире аз дигар ҳамлаи эътилофи Саудӣ ба як маросими хокспорӣ дар Яман истод ва бо интиқод аз идомаи ҳимоятҳои Вашингтон аз эътилофи Саудӣ гуфт: «Амрико дар корзори ин ҳамалот (ба Яман) бозигари калидӣ аст”. Вай таъкид кард, дар ин ҷиноят автобуси ҳомили даҳҳо кӯдак ҳадаф гирифта шуд; бомбе, ки дар Амрико сохта ва ба эътилофи Саудӣ фурӯхта шуд.

Бо вуҷуди ҳушдорҳои физояндаи гурӯҳҳои мустақили ҳуқуқи башар дар хусуси абъоди фоҷиабори ҷанги Яман бисёре аз кишварҳои ғарбӣ, бавижа Амрико ҳамчунон ба ҳимоятҳои таслиҳотӣ ва таъминоти эътилофи мутаҷовиз ба саркардагии Арабистони Саудӣ идома медиҳад ва ба ин тартиб ҷаҳониён ҳамчунон шоҳиди идомаи ҷиноёти Оли Сауд, бавижа кӯдаккушиҳои ин режим ҳастанд.