Сентябр 16, 2018 14:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Маҳмуд Аббос дар бораи тақсими Масҷидулақсо

Раиси ташкилоти худгардони Фаластин аз тасмими ин ташкилот барои шикоят ба Девони байналмилалии кайфарӣ ва Девони байналмилалии додгустарӣ дар бораи Масҷидулақсо ва рустои Хонулаҳмар дар каронаи бохтарии рӯди Урдун хабар дод.

Маҳмуд Аббос рӯзи шанбе дар ҷаласаи кумитаи иҷроии Созмони озодибахши Фаластин дар Ромуллоҳ нисбат ба тарҳҳои режими саҳюнистӣ барои тақсими Масҷидулақсо миёни мусулмонон ва яҳудиён ҳушдор дод.

Вай гуфт, мадорики бисёре вуҷуд дорад, ки режими саҳюнистӣ талош мекунад саҳюнистҳо низ монанди мусулмонон битавонанд ойинҳои динии худро дар Масҷидулақсо баргузор кунанд.

Раиси ташкилоти худгардони Фаластин гуфт, фаластиниён дар ҳоли ройзанӣ бо мақомоти урдунӣ дар бораи Масҷидулақсо ҳастанд, то мавзеъгирии якпорчае барои руҷуъ ба Девони байналмилали кайфарӣ ва Девони байналмилалии додгустарӣ дошта бошанд.

Пештар Созмони илмӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии Милали муттаҳид (ЮНЕСКО) октябри 2017 эълом кард, Масҷидулақсо мутааллиқ ба мусулмонон аст ва ҳеҷ иртиботе ба яҳудиён надорад.

 

Барчасп