Сентябр 08, 2016 20:22 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи дабири кулли Иттиҳодияи араб ба нокоромадии ин иттиҳодия

Дабири кулли Иттиҳодияи араб марги ин ниҳодро пешбинӣ кард. Аҳмад Абулғайт, дабири кулли Иттиҳодияи араб эътироф кард, ки ин ниҳоди минтақаӣ короии худро аз даст дода ва дар ҳоли фурӯпошӣ аст.

Аҳмад Абулғайт дар остонаи иҷлоси вузарои умури хориҷаи ин иттиҳодия гуфт, ҳатто дархостҳо барои барҳам додани Иттиҳодияи араб ва табдили он ба ниҳоди дигар ироа шудааст. Вай афзуд, ин ниҳоди минтақаӣ дигар наметавонад ба вазоифи худ амал кунад ва аз ҳалли бисёре аз буҳронҳои минтақа оҷиз ва нотавон аст.

Изҳороти дабири кулли Иттиҳодияи араб дар ҳолест, ки яксаду чиҳилу шашумин иҷлоси вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи араб қарор аст рӯзи панҷшанбе дар Қоҳира ба раёсати вазири умури хориҷаи Тунис баргузор шавад.

Масоили Фаластин, Сурия, Либия, Яман ва чанд кишвари дигар дар ин иҷлос баррасӣ хоҳад шуд. Изҳороти Аҳмад Абулғайт дар ҳоле аст, ки пештар Набил Арабӣ, дабири кулли собиқи Иттиҳодияи араб низ ба шикасти комили ин иттиҳодия дар хусуси буҳронҳои мухталифи минтақаӣ, аз ҷумла Фаластин эътироф карда буд.

Нуктаи қобили тааммул дар хусуси Иттиҳодияи араб, иртиботи ошкор ва пинҳони бисёре аз аъзои ин иттиҳодия ва хатти созкоронаи онон дар қиболи режими ишғолгари Қудс аст. Ин мавзӯъ муҷиб шудааст, ки амалан Иттиҳодияи араб бар хилофи хости миллатҳои арабӣ, ки хостори бархурд бо режими ҷинояткори саҳюнистӣ ҳастанд, сиёсати дӯстӣ ва мудоро бо ин режими ишғолгарро дар пеш бигирад ва чунин сиёсатҳои режими саҳюнистиро дар идомаи ҷиноёташ алайҳи мардуми Фаластин густохтар кардааст.

Дар ин чорчӯб, дар шароите, ки режими саҳюнистӣ ба саркӯб ва куштори мардуми Фаластин ва нақзи мукаррари ҳокимияти Лубнон ва Сурия машғул аст ва ба таҳдидҳои худ алайҳи кишварҳои арабӣ идома медиҳад, Иттиҳодияи араб ҳамчунон бар тарҳи сулҳи арабӣ дар бораи Фаластин таъкид дорад.

Дар ин чорчӯб, ҳадафи таҳаррукоти Иттиҳодияи араб дар Сурия низ фароҳам овардани шароит барои таҳаққуқи аҳдофи султаҷуёнаи Ғарб дар Сурия, яъне сарнагунии давлати қонунии Сурия ба раҳбарии Башор Асад будааст. Ин иқдом дар шароите аст, ки бар асоси маншури Иттиҳодияи араб, ин иттиҳодия аз мудохила дар умури дохилии аъзо наҳй шудааст.

Чунин  амалкардҳои муғризонае ба таназзули бештари ҷойгоҳи Иттиҳодияи араб назди афкори умумии минтақа анҷомида ва эътирозоти физояндаи афкори умумӣ алайҳи сиёсатҳои Иттиҳодияи арабро дар пай доштааст. Доманаи ин интиқодот ба масъулони ин иттиҳодия низ кашида шудааст. ЭЪтирофи дабири кулли Иттиҳодияи араб дар хусуси нокомии ин иттиҳодия дар ин чорчӯб қобили арзёбӣ аст.

Бетардид, Иттиҳодияи араб аз вижагиҳое ва зарфиятҳои лозиме назири забон ва дину фарҳанги муштараки аъзояш бархурдор аст ва интизори мардуми кишварҳои арабӣ низ истифодаи мақомоти кишварҳояшон аз ин зарфиятҳо дар масири аҳдофи ҷаҳони Ислом ва миллатҳои мусулмон аст. Зимни он ки ин иттиҳодия ба далели бархурдор будан аз захоири болои нафтӣ, ҷузви иттиҳодияҳои бозарфият ва имконоти болои иқтисодӣ маҳсуб мешавад. Бо вуҷуди чунин масоиле, даргир будани кишварҳои узви ин иттиҳодия дар ихтилофот бо якдигар ва рақобатҳои сиёсӣ ва сиёсати мустақилона надоштани бештари кишварҳои узв ва пайравии онон аз сиёсатҳои дикташудаи Ғарб муҷиб шудааст, ки амалан аз ин иттиҳодия иқдоми муфид ва муассире мушоҳида нишуд. Ин дар ҳоле аст, ки Иттиҳодияи араб ба далели вобастагиаш ба Ғарб, ба бозуи иҷрои сиёсатҳои Ғарб дар минтақа табдил шуда ва амалкардаш дар ҳамроҳӣ бо сиёсатҳои Ғарб дар қиболи таҳаввулоти Ироқ, Либия ва Сурия дар ин чорчӯб қобили арзёбӣ аст.