Октябр 05, 2018 18:45 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Ансоруллоҳ аз дархости Иттиҳодияи Аврупо барои поёни ҷанг дар Яман

Сухангӯи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман аз дархости Иттиҳодияи Аврупо барои поёни таҷовузи низомии Арабистон ба кишвараш истиқбол кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии ал-Масираи Яман, Муҳаммад Абдуссалом дар ҳисоби худ дар Твиттер навишт: Таҳарруки фаъолонаи Иттиҳодияи Аврупо барои барқарории сулҳ дар Яман ва талош барои шикасти муҳосираи мардуми ин кишвар, қадаме мусбат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Муҳаммад Абдуссалом навишт: Бомбаборони ғайринизомиён ва осори фарҳангӣ ва таърихии Яман ҳамвора маҳкум аст.

Парлумони Аврупо рӯзи панҷшанбе дар баёнияе идомаи ҳамла ба Яман ва нақзи ҳуқуқи ғайринизомиёнро маҳкум кард ва аз Арабистон хост ҳарчи сареътар ба ҷанг ва муҳосираи Яман поён диҳад.

Ин ниҳоди аврупоӣ ҳамчунин хостори мамнуъияти фурӯши силоҳ ба Иморот шуд.

Парлумони Аврупо таъкид кард, ки роҳи ҳалли сиёсӣ ва гуфтугӯ, танҳо роҳ барои бозгардондан сулҳ, ҳифзи ҳокимият, истиқлол ва тамомияти арзии Яман аст.

 

Барчасп