Посухи валиаҳди Арабистон ба иҳонатҳои Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i38555-Посухи_валиаҳди_Арабистон_ба_иҳонатҳои_Трамп
Валиаҳди Арабистони Саудӣ посухи иҳонатҳои чанд рӯзи ахири Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ба сарони Саудиро бо ситоиш аз вай дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 06, 2018 09:03 Asia/Dushanbe
  • Посухи валиаҳди Арабистон ба иҳонатҳои Трамп

Валиаҳди Арабистони Саудӣ посухи иҳонатҳои чанд рӯзи ахири Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ба сарони Саудиро бо ситоиш аз вай дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Муҳаммад бин Салмон дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии амрикоии “Блумберг” изҳор дошт, вай ошиқи кор кардан бо раисҷумҳури Амрико аст.

Трамп сешанбешаб дар як суханронии интихоботӣ дар иёлати Миссисипии ин кишвар, бо таҳқири сарони Саудӣ гуфт, низоми подшоҳии Арабистон бидуни ҳимоятҳои Амрико тайи ду ҳафта фурӯ мепошад.

Раиси ҷумҳурии Амрико панҷшанбешаб ҳам таъкид карда буд, Арабистон бояд ҳазинаи сарбозони амрикоиро, ки аз ин кишвар муҳофизат мекунанд, пардохт кунад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон пас аз ин иҳонати Трамп ба саудиҳо дар Твиттер навишт, “таҳқир” - ҷоиза таваҳҳуми “бурунсупории амният ба бегонгон” аст.