Пешниҳоди ришваи 5 миллиард долларии Арабистон ба Эрдуғон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i38686-Пешниҳоди_ришваи_5_миллиард_долларии_Арабистон_ба_Эрдуғон
Як пойгоҳи хабарии ироқӣ эълом кард, ки Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ 5 миллиард доллар ришва ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия пешниҳод кардааст, то парвандаи қатли Хошуқҷӣ баста шавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 12, 2018 14:55 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди ришваи 5 миллиард долларии Арабистон ба Эрдуғон

Як пойгоҳи хабарии ироқӣ эълом кард, ки Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ 5 миллиард доллар ришва ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия пешниҳод кардааст, то парвандаи қатли Хошуқҷӣ баста шавад.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии хабарии ироқӣ “Асрор Медиа”, Ҳокон Какил, сафири Туркия дар Лубнон дар ин маврид гуфтааст, ки Муҳаммад ибни Салмон ба Эрдуғон, панҷ миллиард доллар пешниҳод кардааст, то дар муқобили парвандаи Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ баста шавад.

Тибқи манобеи хабарӣ, сафири Туркия дар гуфтугӯ бо як масъули олирутбаи аврупоӣ ин масъаларо фош кардааст.

Манобеи мазкур унвон карданд, Ҳокон Кокил даст доштани сервисҳои ҷосусии хориҷӣ аз ҷумла Мусод ва СИА-ро дар моҷарои нопадид шудани Хошуқҷӣ рад накардааст.

Лозим ба зикр аст, пеш аз ин як манбаи наздик ба қишри норозии Саудӣ гуфта буд, мутобиқ барномарезии сурат гирифта, Муҳаммад ибни Салмон ба зуддӣ фиристодаи вижаеро ба Анкара хоҳад фиристод, то дар ин хусус бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ва мақомоти амниятии ин кишвар ройзанӣ кунад. Бо ин ҳол мақомоти Саудӣ дар хусуси пазириши дархости ин мулоқот аз сӯи раисиҷумҳури Туркия ва дигар мақомоти ин кишвар тардид доранд.

Аз сӯи дигар, таҳаррукоти дипломатҳо ва дигар авомили вобаста ба режими Саудӣ дар Туркия ҳамакнун ба шиддат таҳти контроли пулиси амнияти ин кишвар қарор дорад ва қарор аст, то поёни ҳафта, дархости мақомоти Саудӣ барои дидори фавқулъода бо Эрдуғон, ба дафтари раёсатҷумҳурии Туркия ирсол шавад.

Ин манбаи огоҳ афзуда буд, режими Саудӣ дар садад аст, пешниҳодотеро ба Туркия ироа карда ва шахси Раҷаб Тайиб Эрдуғонро аз пайгирии мавзӯъ мунсариф ва ё ҳаддиақал вайро ба сукут дар қиболи парвандаи қатли Хошуқҷӣ муҷоб кунад, иттифоқе, ки баъид аст аз сӯи раисиҷумҳури Туркия мавриди пазириш воқеъ шавад.

Парвандаи Хошуқҷӣ мавҷе аз маҳкумиятҳо ва вокунишҳои шадид дар миёни кишварҳои ҷаҳон алайҳи Арабистонро ба думбол доштааст.

Хошуқҷӣ ҳудуди 10 рӯз қабл барои сабти асноди издивоҷаш вориди консулгарии Арабистон дар Истамбул шуда ва токунун хабаре аз пайдо шудани вай мунташир нашудааст.