Октябр 15, 2018 21:54 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Ироқ бо раисиҷумҳури Сурия

Вазири умури хориҷаи Ироқ дар дидор бо раисиҷумҳури Сурия, охирин таҳаввулоти ду кишвар ва низ авзои минтақаӣ ва байналмилалиро баррасӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия (Соно), Башор Асад дар ин дидор иртиқоъ ва густариши равобити таърихӣ бо Ироқро муҳимм тавсиф кард ва гуфт, Сурия ва Ироқ ба сурати муштарак бар терроризм пирӯз шуданд, зеро ду кишвар дар як майдон ҳастанд ва хуни қаҳрамононе, ки ин пирӯзиҳоро дар ду кишвар рақам заданд, боҳам даромехтааст.

Башор Асад афзуд, бо вуҷуд шароити амниятӣ ва талошҳои хориҷӣ барои ҷилавгирӣ аз тавсеаи равобити Сурия ва Ироқ, ҳамоҳангии ду кишвар ҳамвора дар олитарин сатҳ қарор дорад ва дар мавриди қазияҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, дидгоҳ ва дарки муштараке доранд.

Иброҳим ал Ҷаъфарӣ, вазири хориҷаи Ироқ низ дар ин дидор хотирнишон кард, шароити минтақаӣ ва байналмилалӣ тағйироти мусбате дар ҷиҳати манофеи Сурия ва Ироқ доштааст.

Ал Ҷаъфарӣ Сурияро дорои мероси куҳани таърихӣ ва тамаддунӣ донист ва гуфт, Сурия пас аз пирӯзим комил бар терроризм, нақшм бештаре аз гузашта дар минтақа ифо хоҳад кард.

 

 

 

Барчасп