Октябр 20, 2018 12:01 Asia/Dushanbe
  • Шикасти режими саъудӣ ва муттаҳидонаш дар ҷанги Яман

Муовини дабирикулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Арабистон дар ҳамроҳ кардани кишварҳои арабии исломӣ дар ҷанги Яман шикст хурд.

Ба нақл аз Тасним, шайх Наъим Қосим муовини дабирикулли Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи ҷумъа бо ишора ба муқовимати мардуми Яман дар баробари эътилофи мутаҷовизи саъудӣ дар тули чаҳор соли гузашта афзуд: Ҳадафи Арабистони саъудӣ аз таҷовуз ба Яман контроли комили раванди таҳаввулоти сиёсии ин кишвар буд, аммо ҳушёрии миллати Яман монеъи тасаллути бегонагон бар сарнавишташон шуд.

Узви баландпояи Ҳизбуллоҳи Яман гуфт: Ончи ки дар Яман инттифоқ меафтад як ҷинояти ҷангӣ тавассути мутаҷовизони саъудӣ ва амрикоӣ зидди ғайринизомиён аст ва чунин ҷангеро наметавон як ҷанги сиёсӣ қаламдод кард.

Шайх Қосим таъкид кард Ҳизбуллоҳ ҳамвора дар канори мардуми Яман истодааст ва ҳеҷ ёру ёваре барои яманиҳо дар ҷаҳон ба ҷуз Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҳизбуллоҳ вуҷуд надорад ва мутаъсифона садои дигаре зидди мутаҷовизон  шунида намешавад, ки ҳаққи мазлумони яманӣ барои дастёбӣ ба истиқлолро машруъ шуморда ва ҷиноятҳои саъудиҳоро маҳкум кунад.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст; ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунун ба кушта шудани беш аз чаҳорда ҳазор яманӣ, захмишудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Барчасп