Октябр 26, 2018 17:21 Asia/Dushanbe
  • Ифшои моҳияти зиддиэронии саркардаи қотилони Хошуқҷӣ

Як расонаи амрикоӣ саркардаи омилони қатли рӯзноманигори мунтақиди режими Саудиро аз фаъолони ҳамкории Риёз-Вашингтон алайҳи Эрон муаррифӣ кард.

Торнамои хабарии The Daily Beast шомгоҳи панҷшанбе гузориш дод, Аҳмад Асирӣ мушовири валиаҳди Саудӣ, ки акнун аз авомили қатли Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақид муаррифӣ шуда, дар соли 2017 дар дидор бо мушовирони раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи барандозии низоми Эрон гуфтугӯ карда буд.

The Daily Beast навишт: Муҳаммад ибни Салмон валиаҳди Саудӣ, Асириро ба намояндагӣ аз худ барои ширкат дар маҷмӯаи ҷаласоте фиристода буд, ки дар ҳошияи маросими савганди Трамп дар январи 2017 баргузор шуд.

Бар асоси ин гузориш, Асирӣ дар соли 2017 ба намояндагӣ аз Муҳаммад ибни Салмон дар ҳошияи маросими савганди Трамп дар Амрико бо Стив Беннон ва Майкл Флин мушовирони вақти Доналд Трамп, Ҷорҷ Нодир аз наздикони ҳайати ҳокимаи Аморот ва Юэл Замел стратегисти исроилӣ дар ҳавзаи расона, ҳузур доштаанд.

Аҳмад Асирӣ муовини дастгоҳи иттилооти умумии Арабистон ва сухангӯи пешини этилофи Саудӣ зидди Яман чанд рӯз пеш дар пайи расвоии қатли Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори Саудӣ аз симаташ барканор шуд.

Нозирони сиёсӣ ва расонаӣ, валиаҳди Саудиро масъули мустақим ва дастурдиҳандаи ин ҷиноят медонанд.