Эҳзори сафири Арабистон ба вазорати хориҷаи Индонезия
Вазорати умури хориҷаи Индонезия бо эҳзори сафири Арабистон дар Ҷакарта, ба эъдоми як хидматкори индонезиёӣ дар Арабистон эътироз кард.
Joko Widodo, раисиҷумҳури Индонезия ҳам дар тамоси телефонӣ бо Одил Ал Ҷубайр, вазири хориҷаи Саудӣ маротиби эътирози шадиди худро ба иқдоми Риёз дар эъдоми Tuti Tursilawati, шаҳрванди ндонезиёӣ эълом кард. Давлати Арабистон рӯзи душанбе Tuti Tursilawati-ро ба иттиҳоми қатли як шаҳрванди саудӣ дар шаҳри Тоиф эъдом кард.
Ин дар ҳоле аст, ки Созмони «ҳимоят аз муҳоҷирон»-и Индонезия эълом кард, вай муртакиби қатл нашудааст, балки аз худ дар баробари корфармои арабистониаш, ки дар талош буд ба вай таҷовуз кунад, дифоъ кардааст. Ин аввалин бор нест, ки бадрафторӣ ва эъдоми коргарони индонезиёии шоғил дар Арабистон, мӯҷиби эътирози шадиди давлати Ҷакарта ва мардуми Индонезия мешавад.
Ҳуккоми Арабистон бо имзои тавофуқномае бо давлати Индонезия мутааҳҳид шуда буданд, ҳуқуқи коргарони шоғили Индонезия дар он кишварро риоят кунанд. Аммо идомаи ҷиноёти Оли Сауд зидди коргарони шоғили Индонезия, ки аз таҷовузи ҷинсии корфармоён то қатл ва эъдоми ононро шомил мешавад боис шуд, то мардуми ин кишвар хоҳони ибтоли тамоми тавофуқномаҳои ҳамкории Ҷакарта бо ҳуккоми Саудӣ шаванд. Бар асоси бархе оморҳои ғайри расмӣ, афзӯн бар 700 ҳазор коргари индонезиёӣ дар шаҳрҳои мухталифи Арабистон машғул ба кор ҳастанд, ки аксари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Бештари онон ба унвони хидматкор дар хонаҳои саудиҳо кор мекунанд ва рафтори номуносиби корфармоёни арабистонӣ, ҳамчун азори ҷинсӣ ва напардохтани ҳуқуқ, ҳамвора мавриди эътирози ниҳодҳои маданӣ ва коргарии индонезиёӣ будааст.
Дино Ал Маъмун, пажӯҳишгар ва коршиноси масоили ҳуқуқи байналмилал мегӯяд, "коргарони хориҷии шоғил дар Арабистон, қурбониёни таҷовуз ва озори ҷинсии корфармоён ҳастанд, ки дарсурти эътироз ба поёни хатти зиндагии худ мерасанд. Дар бисёре аз маворид ба истилоҳ муҳокимаи коргарони хориҷӣ, бо луғати арабӣ анҷом мешавад ва онон аз раванди қазоӣ чизе намефҳманд; Ва дар ағлаб маворид ба онҳо хадамоте монанди мутарҷим, вакил ва кумакҳои консулӣ ироа намешавад."
Коргарони нимамоҳир ва ғайримоҳари Индонезия, Шриланка ва Филиппин бо даромадҳои бисёр поин ва дар шароити умдатан ғайри инсонӣ дар Арабистон машғул ба коранд, ки ҳамвора бо озору азият ва таҷовузи ҷинсӣ рӯбарӯ ҳастанд. Аз дидгоҳи маҳофили сиёсӣ ва маданӣ дар Индонезия,ҷиноёти ҳуккоми Оли Сауд зидди мусулмонон, аз ҷумла коргарони шоғили ин кишвар дар Арабистон, комилан муҳраз ва қобили чашмпӯшӣ нест. Аз ин рӯ, мардуми Индонезия интизори бархурди қотеи давлати ин кишвар бо ҳуккоми Оли Саудро доранд, зеро басанда кардан ба интишори баёния ва эҳзори сафири Арабистон, корфармоён ва ҳуккоми Оли Саудро дар идомаи ҷиноёташон зидди коргарони индонезиёӣ густохтар мекунад. Аз дидгоҳи мардуми Индонезия, ин кишвар ба унвони пурҷамъияттарин ва санъатитарин кишвари исломӣ, аз тавоноии лозим барои бархурд бо ҳуккоми ҷинояткори Оли Сауд бархурдор аст ва набояд иҷоза диҳад, онон ба роҳатӣ ҷону мол ва ҳайсияти атбои Индонезияро таҳдид ва доғдор кунанд.
Сора Билол, коршиноси масоили ҳуқуқӣ мегӯяд: "коргарони хориҷии боздошт шуда дар Арабистон дар шароити бисёр душворе қарор мегиранд. Онон қодир ба пардохти ҳазинаҳои вакил нестанд ва бидуни муҳокима эъдом мешаванд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари ин ҷиноят, сукут мекунад ".
Дар ҳар ҳол ,бархурди қотеъи давлати Малайзия бо фаъолияти ниҳодҳои ҳуккоми Оли Сауд дар он кишвар бо таътил кардани онҳо, мавриди интизори мардуми Индонезия барои бархурди мушобеҳ бо Арабистон дар он кишвар аст. Илова баро ин мардуми Индонезия интизор доранд, давлати ин кишвар дар идомаи маҳкумияти ҷаҳонии ҷиноёти ҳуккоми Оли Сауд, мавзӯи эъдоми коргарони индонезиёӣ дар Арабистонро низ дар маҷомеи байналмилалӣ матраҳ намояд.