Ноябр 05, 2018 12:40 Asia/Dushanbe
  • Раисони калисоҳои Қудс: Қонуни кишвари яҳуд лағв шавад

Раисон калисоҳои католики Қудс рӯзи якшанбе дар баёнияе аз режими саҳюнистӣ хостанд, то қонуни мавсум ба кишвари яҳудро лағв кунад.

Ба гузориши ИРНА, дар баёнияи муштараки раисони калисоҳои католикии Қудс омадааст: “Масеҳиён, мусалмонон ва дурӯзиҳо дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин камтар аз яҳудиён нестанд ва қонуни ба истилоҳ кишвари яҳуд бояд лағв шавад”.

Парлумони режими саҳюнистӣ 19-уми июли соли 2018 бо вуҷуди эътирози густурдаи маҳофили фаластинӣ ва ҷаҳонӣ лоиҳаи нажодпарастонаи Қонуни кишвари яҳудро тасвиб кард.

Қонуни кишвар яҳуди нажопарастона Фаластинро сарзамин саҳнистҳо донистааст ва фаластиниёнро аз ҳама ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва инсонӣ маҳрум мекунад. Қонуни кишвари яҳуд яке аз аркони тарҳи амрикоии муомилаҳои қарн маҳсуб мешавад, ки тавассути давлати Амрико тадвин ва раванди иҷроии он оғоз шудааст.