Ноябр 05, 2018 15:06 Asia/Dushanbe
  • Яман, ҷаҳаннами кӯдакон

Созмони Милал эълом кард, кишвари ҷангзадаи Яман ба ҷаҳаннаме барои кӯдакон табдил шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Герет Каплар, мудири минтақаии ЮНИСЕФ дар ғарби Осиё ва шимоли Африқо рӯзи якшанбе гуфт, кишвари ҷангзадаи Яман ба ҷаҳаннаме барои кӯдакон табдил шудааст ва ҳамасола ҳазорон нафар ба далели сӯитағзия ва бемориҳои қобили пешгирӣ ҷони худро аз даст медиҳанд. Ӯ аз тарафҳои даргир хост, ба музокироти сулҳи пешниҳодӣ мулҳақ шаванд ва оташбасро бипазиранд. Ин мақоми Созмони Милал дар конфронси хабарӣ дар пойтахти Урдун гуфт, Яман имрӯз ҷаҳаннаме аст на фақат барои 50 ё 60 дарсад аз кӯдакон, балки барои ҳама бачаҳо дар ин кишвар.

Тибқи гузориши ЮНИСЕФ, як миллиону ҳаштсад ҳазор кӯдаки ямании зери панҷ сол дучори сӯитағзия ҳастанд ва ҷони 400 ҳазор кӯдак дар хатар аст.

Каплар гуфт, солиёна 300 ҳазор кӯдак дар Яман аз сӯитағзия ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳар даҳ дақиқа як кӯдак бар асари ибтило ба беморе, ки ба роҳатӣ қобили пешгирӣ аст, мемирад.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эълом карда, аз оғози ҷанги Яман то кунун ҳудуди даҳ ҳазор нафар кушта шудаанд, аммо бархе аз гурӯҳҳои ҳуқуқи башар тахмин задаанд, ки ин омор панҷ баробар бештар аст.