Ноябр 09, 2018 19:35 Asia/Dushanbe
  • Ним миллион кушта дар ғарби Осиё дар натиҷаи мудохилаи низомии Амрико

Як муассисаи амрикоӣ дар пажӯҳише эълом кард: Ҷангҳои Амрико дар ғарби Осиё ним миллион кушта бар ҷой гузоштааст.

Ба гузориши Русия алявм, муассисаи пажӯҳишии Уотсон вобаста ба донишгоҳи Броуни Амрико эълом кардааст, ки омори қурбониёни ҷангҳое, ки Амрико пас аз ҳамлаи 11 сентябри 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм дар Афғонистон, Ироқ ва Покистон, беш аз 500 ҳазор нафар аст.

Муассисаи Уотсон дар баёнияе афзуд: Омори ҷадиди эъломшуда аз донишгоҳи Броун 110 ҳазор нафар аз омори қаблӣ, ки дар августи 2016 эълом шуда, бештар аст ва чунин оморе баёнгари он аст, ки ҷанг ҳамчунон бо шиддат идома дорад.

Бар асоси ин гузориш, бисёре аз қурбониёне, ки дар гузоришҳои мақомҳои амрикоӣ ва неруҳои маҳаллӣ, аз онҳо бо унвони аносири низомӣ ва мусаллаҳ ёд шудааст, дар воқеъ ғайринизомӣ будаанд.

Амрико дар соли 2001 ва дар пайи ҳамлаи 11 сентябри 2001-и Нию-Йорк, ҷангро дар Афғонистон ва сипас дар соли 2003 дар Ироқ шурӯъ кард, ки ҳамчунон ин ҷанг дар минтақа идома дорад ва ҳазорон кушта ва миллионҳо овора бар ҷой гузоштааст.

Дар ҳамин бора вазири хориҷаи Эрон дар сафҳаи Твиттери худ навишт: Расвоии ба бор омада аз иқдомоти Амрико ба вайронӣ дар Ироқ, Сурия, Либия ва Яман мунҷар шуда ва ДИИШ ва гурӯҳҳои зиёде вобаста ба Алқоидаро шакл додааст.

Ба навиштаи Зариф, муборизаи ба истилоҳ «бо терроризм»-и Амрико барои молиётдиҳандагони амрикоӣ бисёр сангин буда, ба тавре, ки ҳафт ҳазор амрикоӣ кушта ва беш аз панҷ триллиону шашсад миллиард доллар масраф шудааст.

 

Барчасп