Ноябр 11, 2018 17:56 Asia/Dushanbe
  • Боздошти нависандаи арабистонӣ ба иллати интиқод аз сиёсати режими Оли Сауд

Ҷамил Форсӣ, нависандаи мухолифи режими Саудӣ ба далели интиқод аз иқдомоти ин режим барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ дастгир шуд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, ба нақл аз пойгоҳи хабарии "Арабӣ-21", сафҳаи твиттерии “Зиндониёни ақидатии Арабистон” видеои мусоҳибаи Ҷамил Форсӣ бо шабакаи телевизионии “Алмаҷд”-ро, ки дар он эълом кард, режими саҳюнистӣ душмани мусалмонон ва ишғолгари сарзаминҳои араб аст ва имкони оддисозии робита бо он вуҷуд надорад, дар сафҳаҳои иҷтимоӣ мунташир кард. Додгоҳи Саудӣ низ Ҷамил Форсиро ба иттиҳоми беасоси доштани афкори хатарнок дастгир ва зиндонӣ кардааст.

Бар асоси ин гузориш, дар ин мусоҳиба Фаҳд Ассунайдӣ, рӯзноманигор ва Саъд Алатибӣ, устоди донишгоҳи Арабистон низ ҳузур доштанд, ки ин ду низ тавассути режими Оли Сауд дастгир ва дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои ин режим ба сар мебаранд.

Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ пештар дар гуфтугӯ бо маҷаллаи амрикоии "Атлантик" муддаӣ шуд, исроилиҳо ҳақ доранд, сарзамини худашонро дошта бошанд. Суханон ва иқдомоти ахири Муҳаммад ибни Салмон нишондиҳандаи талоши вай барои барқарории иртибот бо Телавив дар шароити буғранҷи кунунии Арабистон аст.

Аз замони рӯйи кор омадани Муҳаммад ибни Салмон режими Саудӣ то кунун даҳҳо рӯҳонӣ, устоди донишгоҳ ва донишҷӯро ба далели интиқод аз сиёсатҳои Ибни Салмон боздошт кардааст.

 

Барчасп