Ноябр 12, 2018 17:03 Asia/Dushanbe
  • Кумакхоҳии вакили ду шоҳзодаи рабудашудаи саудӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ

Вакили ду шоҳзодаи саудии рабудашуда аз тарси кушташудани ин шоҳзодаҳо, хостори дахолати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин мавзӯъ шудааст.

Ба гузориши ИРНА, вакили шоҳзода Салмон ибни Абдулазиз ибни Салмон Оли Сауд ва падари ӯ бо эъломи ин ки аз январи имсол ба дасти нирӯҳои вижаи Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон рабудашудаанд, аз ҷомеаи байналмилал дархост кард, ба валиаҳди Саудӣ фишор биоваранд то онҳоро озод кунад.

Бар асоси ин гузориш, яке аз ҳамкорони ин ду шоҳзодаи саудӣ баъд аз дастгирии онҳо ба Фаронса фирор кардааст ва дар ҳоли ҳозир парвандаи онҳоро аз наздик пайгирӣ мекунад.

Дар як соли гузашта бавижа баъд аз ба валиаҳдӣ расидани Муҳаммад ибни Салмон дар Арабистон, даҳҳо нафар аз мунтаққидони ҳокимони кунунии Риёз аз ҷумла рӯҳониён, шоҳзодаҳо ва уламои ин кишвар боздошт шудаанд.

Номаълум будани сарнавишти ин ду шоҳзода дар ҳоле аст, ки давлати Саудӣ ҳамчунон ба далели рабудан ва қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мухолиф, таҳти фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва афкори умумии дохили кишвар қарор дорад.