Ноябр 14, 2018 15:58 Asia/Dushanbe
  • Ифшои нақшаи террори мақомҳои Эрон; руъёҳои таъбирнашудаи бин Салмон

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ бо додани ришваву пора барои беш аз ду сол, талош кард худро ба унвони сиёсатмадори ислоҳталаб ва пешрав муаррифӣ кунад.

Аммо акнун ифшои моҷарои қатли Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори муътариз, аз Муҳаммад бин Салмон тасвири шоҳзодае ҷинояткорро ба хотир меорад, ки алоқаи зиёде ба террор ва қатли мухолифон ва тарроҳии тавтеаҳои барандозона дорад.

Дар тозатарин ифшогарӣ дар ин бора рӯзномаи амрикоии «Ню- Йорк Таймс» аз тарҳҳои бин Салмон алайҳи Эрон хабар додааст.

«Ню- Йорк Таймс» дар гузорише мустанад навишт, мақомҳои иттилоотии наздик ба Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон соли гузашта бо гурӯҳе аз тоҷирон дар бораи террори мақомҳои эронӣ тавассути ширкатҳои хусусӣ сӯҳбат кардаанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи қатарии «Ал- Аараби Ал-ҷадид» ин гузориши «Ню- Йорк Таймс» -ро таъйид ва эълом кард, Эрон аз қабл аз ин тавтеа иттилоъ доштааст.

Зариф афзуд: Арабистон расман эълом кардааст, ки ҷангро ба дохили Эрон хоҳад кашонд ва ҷумҳурии исломӣ пас аз он бо фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳ ва террористӣ ва ба вижа дар навори марзии шарқи кишвар рӯбарӯ шуд ва ДИИШ ба амалиёти террористӣ, аз ҷумла ҳамла ба Маҷлиси Шӯрои исломӣ иқдом кард.

Тавтеаҳои бин Салмон мунъакискунандаи моҳияти воқеии сиёсатҳои ситезаҷӯёнаи Риёз аст, ки расман ба маркази фитна ва ҷанг ва тарроҳии нақшаҳои таҷзияи минтақа табдил шудааст. Аммо мақомҳои Саудӣ ин воқеиятро нодида гирифтаанд, ки Арабистон туъмае барои бозигарони сиёсӣ дар Вашингтон ва Тел-Авив аст, ки Риёзро фақат абзоре барои расидан ба аҳдофи худ медонанд на чизи бештаре.

Фаромӯш накунем, ки Трамп дар нутқҳои интихоботиаш ошкоро Арабистонро мавриди иҳонат қарор дод ва бо камаҳамият ҷилва додани ҷойгоҳи Арабистон дар сиёсати хориҷии Амрико гуфт: «Оли Сауд барои мо ҳамчун гови ширдеҳанд, ки ҳар вақт дигар натавонад ба мо доллар ва тило бидиҳад, он гоҳ дастури забҳи онро содир мекунем ва ё аз дигарон мехоҳем ин корро бикунанд ё ба онҳо дар ин кор кумак мекунем».

Риёзро шояд битавон пуле барои расидани Амрико ва Исроил ба аҳдофи минтақаияшон донист, аммо яқинан ин пул барои Арабистон пули пирӯзӣ нахоҳад буд.

Роберт Фиск, хабарнигор ва таҳлилгари нашрияи англисии «Индепендент» дар таҳлили руъёҳои таъбирнашудаи бин Салмон менависад: «..Ховари Миёнае, ки имрӯз дар он зиндагӣ мекунам, хеле бо Ховари Миёнае, ки 40 сол пеш барои таҳияи гузориш ба он сафар кардам, тафовут дорад. Он рӯзҳо Амрико воқеан як «сиёсат» барои худ дошт, гарчӣ ағлаб авқот ин сиёсат асосёфта бар таваҳҳумот буд ва Шӯравии рӯ ба завол ҳам барои эҷоди тавозуни қудрат дар баробари он қад меафрошт».

Роберт Фиск хотирнишон месозад, ҳоло ин Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки хабари шикасти ДИИШ –ро эълом мекунад. Дар ҳоле ки қаблан Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Амрико буд, ки меомад ва мегуфт: Маъмурият анҷом шуд».

Бо ин ҳол бин Салмон дар ростои аҳдофи Амрико ва Исроил барои Эрон ва минтақа нақшаҳое дар сар дорад, ки зарба задан ба Эрон яке аз таваҳҳумоти ӯст. Суханони Зариф дар ин замина ошкор ва ба навъе ҳушдоргуна аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон ибрози умедворӣ кард, ҷаҳониён чашмони худро ба рӯйи он чӣ Арабистон дар таҳрим ва муҳосираи Қатар, бомбаборони Яман ва зиндонӣ кардани нахуствазири Лубнон ва иртикоби ҷинояти қатли Ҷамол Хошуқҷи анҷом медиҳад, боз кунанд.