Ноябр 17, 2018 15:34 Asia/Dushanbe
  • ЮНИСЕФ: Ҳар 10 дақиқа як кӯдаки яманӣ мемирад

Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) бомдоди шанбе эълом кард, ки дар ҳар соат 6 кӯдаки яманӣ дар ин кишвар ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории “Анадолу”-и Туркия,  Ҳенриета Фор, мудири ЮНИСЕФ дар баёнияе эълом кард, дархостҳо барои оташбас дар Яман нишонаи хубе аст, аммо кӯдакони ин кишвар ниёз ба поёни ҷанг доранд.

Вай афзуд, афзоиши дархостҳо барои оташбас дар Яман ва азсаргирии музокироти сиёсӣ умедро барои кӯдакони яманӣ боқӣ нигоҳ медорад, ки сулҳ рӯзе ба ин кишвар боз хоҳад гашт.

Мудири ЮНИСЕФ изофа кардааст, ин кӯдакон ҳастанд, ки авоқиби ҷангро таҳаммул мекунанд, кӯдакон ба сурат ваҳшатноке тайи се соли гузашта аз ҷанг ранҷ бурдаанд, ба тавре, ки дастикам 6 ҳазор нафар дар ин ҷанг кушта ё захмӣ шудаанд ва беш аз 11 миллион нафар барои зинда мондан ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.

 Дар баёнияи Фор омадааст: Ҳар 10 дақиқа як кӯдак ба далоиле, ки метавон аз он пешгирӣ кард, аз ҷумла камбуди ғизо ва бемориҳое, ки бо воксин қобили пешгирӣ аст, ҷони худро аз даст медиҳанд.

Вай дар поён ибрози умедворӣ кардааст, ки Шӯрои амнияти СММ тайи ҳафтаҳои оянда баррасӣ барои музокироти сиёсиро азсар бигирад.

Ин дар ҳолест, ки ҷумъашаб Шӯрои амнияти Созмони Милал барои баррасии авзоъ дар Яман ташкили ҷаласа дод. Мартин Грифитс аз омодагии тарафҳои даргир дар ин кишвар хабар дода буд ва гуфта буд, роҳи ҳалли сиёсӣ барои поён додан ба даргириҳои Яман даст ёфтанӣ аст.

Даргириҳои Яман, ки Арабистон аз соли 2015 бо ҳамалоти ҳавоӣ расман дахолати худро дар он оғоз кард, аз сӯйи СММ ба унвони бадтарин буҳрони инсонӣ дар сатҳи ҷаҳон эълом шуд, ба гунае, ки 22 миллиону 500 ҳазор нафар аз кулли ҷамъияти 29 миллионии ин кишвар ниёзманди кумакрасонии фаврӣ ҳастанд.

 

Барчасп