Ноябр 18, 2018 19:41 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи раиси собиқи

Раиси пеишини Созмони иттилоот ва амнияти дохилии режими саҳюнистӣ (Шабак) гуфт: Исроил дар шароити печидае қарор дорад ва дар муқобила бо неруҳои Муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) заиф аст.

Бо гузашти як ҳафта аз ҳамлаҳои ахири режими Исроил ба борикаи Ғазза ва посухи қотеи мушакии меҳвари муқовимат, саҳюнистҳо ҳамчунон саргарми паёмадҳои он ҳастанд ва мақомоти Телавивро ба дармондагӣ дар баробари Ҷунбиши муқовимати исломӣ "Ҳамос" ва нотавонӣ дар рӯёрӯӣ бо ин ҷунбиш муттаҳам мекунанд.

Рӯзномаи ибризабони "Маарив" ба нақл аз Йорам Коэн раиси пешини "Шабак" навишт: Исроил бояд зарбаи сангинтаре ба Ҳамос ворид мекард ва анҷом надодани чунин иқдоме нишон медиҳад, ки Исроил беш аз ҳад аз Ҳамос метарсад ва дар вазъияти ақибнишинӣ қарор дорад.

Раиси пешини "Шабак" эътироф кард: Шикасти Исроил дар ҷанги ахири борикаи Ғазза бархоста аз як иштибоҳи амалиётӣ буд ва ба ҳамин хотир низ товони онро пардохт мекунад.

Изҳороти мақомоти режими саҳюнистӣ ва тағйиру таҳаввулот дар кобинаи ин режим, баёнгари пирӯизии Ҳамос ва таслими Исроил дар баробари меҳвари муқовимати Фаластин аст.

Ҳафтаи гузашта Авигдор Либерман вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар пайи тавофуқи оташбас байни ин режим ва неруҳои муқовимат - Ҳамос аз симати худ истеъфо кард.

 

Барчасп