Ноябр 19, 2018 11:12 Asia/Dushanbe
  • Натаняҳу симмати Вазорати ҷанги режими саҳюнистиро бар уҳда гирифт

Нахуствазири режими саҳюнистӣ якшанбешаб дар талош барои убур аз буҳрони фурӯпошии кобинаи ин режим эълом кард, пас аз истеъфои вазири ҷанги режими саҳюнистӣ худ ин симматро уҳдадор шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Бинёмин Натаняҳу пас аз нишаст бо аҳзоби ҳозир дар кобинаи эътилофии режими саҳюнистӣ бо эъломи ин хабар афзуд, аз шариконаш дар давлати эътилофӣ хостааст, кобинаи ин режимро сарнагун накунанд. Дар ҳамин ҳол, Моше Каҳлон (Moshe Kahlon), вазири дороии режими саҳюнистӣ якшанбешаб эълом кард, нишасти Натаняҳу бо аҳзоби ҳозир дар кобинаи эътилофӣ бидуни дастёбӣ ба ҳеҷ натиҷаи мушаххасе поён ёфтааст.

Ба дунболи нокомии режими саҳюнистӣ дар ҳамлаи ахир ба борикаи Ғазза ва эъломи оташбас миёни ду тараф, ки ба истеъфои Авигдор Либерман мунҷар шуд, кобинаи Натаняҳу дар остонаи фурӯпошӣ қарор гирифтааст. Агар Натаняҳу натавонад аҳзоби эътилофро барои тармиму идомаи ҳаёти кобина тарғиб кунад, режими саҳюнистӣ бояд интихоботи зудҳангом баргузор кунад. Либерман дар матни истеъфономаи худ хостори баргузории интихоботи зудҳангом шуда буд.

Режими саҳюнистӣ рӯзҳои якшанбе, душанбе ва сешанбе аз ҳаво ва замин борикаи Ғаззаро мавриди ҳамла қарор дод. Дар даври ҷадиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза дастикам 14 фаластинӣ ба шаҳодат расид ва беш аз 30 нафар захмӣ шуд. Нерӯҳои муқовимати Фаластин низ дар посух ба ҷиноёти саҳюнистҳо рӯзҳои душанбе ва сешанбе беш аз 500 мушак ва рокет ба самти шаҳракҳои саҳюнистнишин дар манотиқи марзии наздики Ғазза шиллик карданд, ки сомонаи дифои мушакии режими саҳюнистӣ мавсум ба «Гунбади оҳанин» тавфиқи чандоне дар мутаваққиф кардани ин ҳамалот надошт. Посухи қотеи мушакии муқовимат боис шуд, режими саҳюнистӣ даст ба домани Миср барои барқарории оташбас шавад. Ин оташбас сешанбешаб барқарор шуд.