Ноябр 19, 2018 11:21 Asia/Dushanbe
  • Ниҳодҳои динӣ ва донишгоҳии Ироқ таҳримҳои Амрико зиддии Эронро маҳкум карданд

Ниҳодҳои динӣ ва донишгоҳии Ироқ таҳримҳои Амрико зидди Ҷумҳурии Исломии Эронро маҳкум карданд.

Ба гузориши ИРНА, понздаҳ ниҳоди динӣ ва донишгоҳии Ироқ рӯзи якшанбе дар ҳамоиши “Андешаи исломӣ” дар Бағдод зимни эъломи мухолифат бо сиёсати таҳрими Амрико зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом карданд, ин таҳримҳо дар мухолифат бо ҳуқуқи башар ва демократияи мавриди иддаои кишварҳои ғарбӣ аст.

Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Ҳусайнӣ, намояндаи валии фақеҳ дар Ироқ ҳам дар ҳамоиши “Андешаи исломӣ”, ки ба муносибати гиромидошти Ҳафтаи ваҳдати исломӣ ва милоди фархундаи Паёмбари Ислом (с) дар Бағдод баргузор шуд, бар зарурати эҷоди утоқҳои фикри исломӣ барои муқобила бо тавтеаҳои истикбор таъкид кард. Намояндаи валии фақеҳ дар Ироқ гуфт, зарурӣ аст, утоқҳои фикри исломӣ барои муқобила бо тавтеаҳо ва фитнаҳое, ки истикбор ва истеъмори Англия, Амрико ва режими саҳюнистӣ барои нашри он дар байни ҷавомеи исломӣ талош мекунанд, эҷод шавад.

Дар баёнияи поёнии ҳамоиши “Андешаи исломӣ” бар зарурати муқобилаи ҷиддӣ ва фарогир бо андешаҳои такфирӣ ва ифротгароёна дар ҷавомеи исломӣ таъкид шуд.

 

Барчасп