Сентябр 13, 2016 09:30 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши шумори ҳоҷиён ва буҳрони иқтисодии Арабистон

Манобеи хабарӣ гузориш доданд, коҳиши шумори ҳоҷиён ба ҷайби тоҷирон ва мағозадорони Арабистон зарба задааст.

Ба гузориши "Рейтерс", мағозаҳо ва касбҳое, ки дар Арабистон ба ҳоҷиён хадамот медиҳанд, дар соли ҷорӣ дучори коҳиши шадиди даромад шудаанд, зеро ҳам теъдоди ҳоҷиён кам шудааст ва ҳам ҳоҷиёне, ки ба Арабистон меоянд, пули каме бо худ овардаанд.

Мақомоти Арабистон мегӯянд, фақат як миллиону 860 ҳазор нафар дар ҳаҷҷи имсол ширкат кардаанд, ки ин теъдод чанд соли пеш 3 миллион нафар буд.

Бар асоси омори мақомоти давлати Арабистон, теъдоди ҳоҷиёни хориҷӣ ҳудуди 20 дарсад дар ҳаҷҷи имсол коҳиш ёфтааст.

Марвон Аббос Шаъбон, раиси Кумитаи миллии ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ гуфт, даромади мағозаҳо ва ҳирфаҳои марбут ба ҳаҷ дар сол ҷорӣ нисбат ба соли қабл нисф шудааст.

Ккоршикании Арабистон дар умури ҳаҷ илова бар ин, ки аз лиҳози сиёсӣ ба ваҳдати ҷаҳони Ислом зарба зада, ин сиёсати Оли Саудро ҳам бо буҳрони сиёсӣ ва молӣ рӯбарӯ кардааст.

 

Барчасп