Декабр 02, 2018 13:05 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Созмони афви байналмилал аз ҷиноёти режими Оли Сауд

Созмони Афви байналмилал дар гузорише тафсилӣ ба ташреҳи мавридҳое, ки дар онҳо ҳуқуқи мардуми Арабистон ба дасти низоми мустабиди ҳоким бар ин кишвар нақз шуда, пардохт.

Ба гузориши ИРНА, Созмони афви байналмилал дар гузорише эълом кард, қатли Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди Оли Сауд дар бинои консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия ҷинояти ваҳшёна буд, аммо ин қатл танҳо як ҳодиса аз мавридҳои зиёде аст, ки ба корномаи махуфи саудиҳо дар заминаи ҳуқуқи башар афзуда шудааст.

Дар гузориши Афви байналмилал омадааст, эътилофи ба саркардагии Арабистони Саудӣ ба сурати чашмгире дар ҷанги вайронгари Яман нақш доштааст. Ҷанге ки мунҷар ба кушта шудани ҳазорон ғайринизомӣ, аз ҷумла кӯдакон аз тариқи инфиҷор ё бомбаборони бемористонҳо, мактабҳо ва манозил шуд.

Созмони афви байналмилал, ҳамчунин аз нақзи мукаррари қонунҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҷинояти ҷангӣ дар ҷанги Яман хабар дод, ки бо ин вуҷуд кишварҳое монанди Амрика, Британия ва Фаронса ҳамчунон ба фурӯши силоҳ ба Арабистон идома медиҳанд.

Афви баналмилал саркӯби фаъолони сиёсӣ, рӯзноманигорон ва донишгоҳиён, боздошти мудофеони ҳуқуқи занон ҳамроҳ бо муҷозотҳои сахт ва ғайриинсонӣ, табъизи барномарезишуда зидди занон ва духтарони арабистонӣ ва зидди шиъаёнро танҳо гӯшае аз ҷиноёти Оли Сауд донист, ки бо ба қудрат расидани Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ ҳар рӯз бештар низ шудааст.