Декабр 02, 2018 17:55 Asia/Dushanbe
  • Омодагии фурудгоҳи Санъои Яман барои аз саргирии парвозҳо

Вазири ҳамлу нақл дар давлати наҷоти миллии Яман эълом кард: Фурудгоҳи байналмилалии Санъо барои бозгушоӣ омодааст.  

Закариё Алшомӣ, вазири ҳамлу нақли давлати наҷоти миллии Яман, дар боздид аз фурудгоҳи Санъо аз омодагии фаннии ин фурудгоҳ мунтабиқ бо хости Созмони байналмилалии ҳавонавардии кишварӣ (ИКАО) барои аз саргирии парвозҳои дохилӣ ва низ парвозҳои марбут ба ҳавопаймоҳои Созмони милал ва соири созмонҳои байналмилалӣ ва имдодрасон хабар дод.  

Алшомӣ афзуд: Идораи кулли ҳамлу нақли ҳавоӣ ва ҳавопаймоӣ дар Санъо, пас аз онки эътилофи Саудӣ, зерсохтҳои Фурудгоҳи байналмилалии Санъо ва сервисҳои фаннии онро нобуд кард, ҷойгузинҳое барои системаҳои иртиботӣ ва сервисҳои фаннӣ, ки ин фурудгоҳ ниёз дорад, ёфтааст.

 

Барчасп