Иддаои ташкили иморати худмухтори туркистонӣ дар Сурия
Саркардаи аслии гурӯҳи террористии мавсум ба Ҳизби исломии Туркистон аз ташкили марзҳои ончи, ки онро “Иморати Туркистони чиниҳои террорист” номид, дар шимоли ғарби Сурия хабар дод.
Ин иёлоти иддаоии минтақаи Ҷесар Алшағур ва манотиқи атроф дар устони Идлиб ва наздики марзи Туркияро шомил мешавад ва эъломи ташкили ин минтақа, аввалин иқрор ба таъсиси иёлоти худмухтор ва шаҳракҳои ифротгароёни туркистонӣ дар Сурия аст.
Ҳизби исломии Туркистон дар асл созмоне дар Туркистони шарқӣ дар ғарби Чин аст, ки бисёре аз аҳолии он, худро бахше аз қавми турк (Усмонӣ) медонанд ва ба дунболи истиқлоли Туркистони шарқӣ аз Чин ва таъсиси кишваре дар Осиёи Марказӣ ҳастанд.
Ҳудуди ҳазору 500 ифротгарои мусаллаҳи чинӣ ба ҳамроҳи хонаводаҳояшон аз оғози ҷанг дар Сурия дар 2011 ба ин кишвар куч карданд.
Онҳо ба дунболи як парчами воҳид буданд ва амалан ҳам дар 2013 гурӯҳе ба номи Ҳизби исломии Туркистон дар Рифи Идлиб ташкил шуд.
Туркҳои чинӣ дар Сурия аз ҳимояти Туркия бархурдор буданд ва Анкара бо ҳадафи эҷоди тағйир дар таркиби ҷамъиятии устони Идлиб дар шимоли Сурия ба нафъи худ, тасҳилотеро дар ихтиёри онон қарор дод.