Декабр 07, 2018 21:03 Asia/Dushanbe
  • Эътирфи Урдун ба ҳамкорӣ бо режими саҳюнистӣ барои гурезондани Кулоҳсафедҳо

Вазири кишвари Урдун ба ҳамкории ин кишвар бо режими саҳюнистӣ дар гурезондани террористҳои мавсум ба Кулоҳсафедҳо (ҳомии террористҳои Таҳрирушшом) эътироф кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алолам, Самир Мабизин вазири кишвари Урдун гуфт: Июли 2018 дар ҳамоҳангии комил бо режими саҳюнистӣ ҳудуди 429 нафар аз аносири гурӯҳи террористии мавсум ба Кулоҳсафедҳо ба ҳамроҳи хонаводаҳояшон аз Сурия фирорӣ дода ва вориди хоки Урдун шуданд.

Ба гуфтаи вазири кишвари Урдун, пас аз интиқоли аносири террористӣ ба дохили марзҳои ин кишвар, террористҳо дар урдугоҳи Алазрақ сукунат дода шуданд ва имконоти зиндагӣ барои онон фароҳам шуд.

Террористҳои мавсум ба Кулоҳсафедҳо, ки тавассути Англия ва Амрико ҳимояти молӣ мешаванд, аз соли 2013 нақши зиёде дар ҳамлаҳои террористӣ дар Сурия доштанд.

Бар асоси тасовире, ки соли гузашта мунташир шуд, Кулоҳсафедҳо дар Сурия, бо сӯзандорӯ ба синаи кӯдакон адреналин ворид карда буданд то ононро қурбонии ҳамлаи химиёвӣ муаррифӣ кунанд.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд, ки бо талоши артиш ва мардуми Сурия тавтиаи душманон ноком мондааст.

 

Барчасп