Декабр 09, 2018 14:57 Asia/Dushanbe
  • Ҷиддӣ набудани Арабистон дар музокироти сулҳи Яман

Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман таъкид кард: Тадовуми ҳамлаҳои этилофи мутаҷовизи Саудӣ ба ин кишвар ҳамзамон бо идомаи музокироти сулҳ дар Шветсия ҳокӣ аз ҷиддӣ набудани Риёз дар таҳаққуқи сулҳ аст.

Ба гузориши рӯзи якшнбеи Алмасира, Яҳё Сареъ сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман гуфт: Ҳамлаҳои эътилофи мутаҷовиз ба саркардагии Арабистон, кумаке ба музокироти сулҳи Яман дар Шветсия нахоҳад кард.

Чаҳорумин даври музокироти сулҳи Яман аз рӯзи панҷшанбе 6 декабр бо ҳузури тарафҳои яманӣ ба ҳамроҳи Мартин Грифитс намояндаи вижаи дабири кулли Созмони милал дар умури Яман дар Стокголми Шветсия ба муддати як ҳафта оғоз шудааст.

Аз замони оғози музокироти сулҳи Яман дар Шветсия, натанҳо ҳамлаҳои саудииҳо ва муттаҳидони онҳо ба Яман коҳиш наёфта, балки бештар низ шудааст.

 

Барчасп