Декабр 12, 2018 18:56 Asia/Dushanbe
  • Марги зиндонии сиёсӣ дар Иморот

Манобеи арабӣ аз марги як зиндонии сиёсӣ дар Иморот баъд аз таҳаммули 6 сол ҳабс дар ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши вебсайти қатарии Алхалиҷ Онлайн, манобеи иморотӣ эълом карданд: Солим Мусо Фирӯз Хамис аз зиндониёни сиёсӣ дар зиндони Абудабӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ барои кишвари хориҷӣ аз 2013 то 2020 ба ҳабс маҳкум шуда буд.

Як низомии дигар низ дар ин парванда боздошт шуд, ки иттилооте аз ӯ мунташир нашудааст.  

Марги Хамис дар ҳоле эълом мешавад, ки созмонҳои ҳуқуқи башарии ҷаҳон бо ишора ба раванди рӯ ба афзоиши бадрафторӣ дар зиндонҳои Иморот таъкид мекунанд: Абудабӣ фаъолони ҳуқуқи башариро мавриди шиканҷаи созмондеҳишуда қарор медиҳад.

 

Барчасп