Декабр 24, 2018 11:52 Asia/Dushanbe
  • Нақзи оташбас дар Яман аз тарафи муздурони Саудӣ

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, муздурони Саудӣ дар 24 соати гузашта, 47 бор оташбаси эълом шуда дар бандари Ал Ҳудайдаи Яманро нақз карданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Al Masirah”-и Яман, Яҳё Сареъ рӯзи якшанбе гуфт, муздурон Саудӣ 27 гулӯлаи тӯп ба манотиқи маскунӣ ва мавозеи нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман шиллик карданд.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар айни ҳол бо таъкид бар пойбандии нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба оташбас аз онон хост аз ҳаргуна вокуниш ба нақзи мукаррари оташбас худдорӣ кунанд.

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри 2018 бо истиқрори ҳайати назорати СММ бар оташбас дар Ал Ҳудайдаи Яман, мувофиқат ва қатъномаи 2451-ро дар ҳимоят аз тавофуқи оташбас дар бандарҳои муҳимми Яман тасвиб кард.

Бандари Ал Ҳудайда аслитарин масири ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Яман аст.

Токунун чанд бор барои поён додан ба ҷанги Яман таҳаррукоте сурат гирифта, аммо ҳар бор бо коршикании Арабистон ва муттаҳидонаш ба бунбаст расидааст.

 

Барчасп