Декабр 24, 2018 13:37 Asia/Dushanbe
  • Маъракаи таҳрими колоҳои саудӣ дар шабакаҳои иҷтимоии арабӣ

Маъракаи таҳрими колоҳои саудӣ бо мушорикати фаъолони расонаӣ аз бархе кишварҳои араби минтақа дар маҳкумияти эътилофи саудӣ-амрикоии мутаҷовиз ба Яман, роҳандозӣ шуд.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунун ба кушта шудани беш аз 14 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, маъракаи таҳрими колоҳои саудӣ бо мушорикат фаъолони расонаӣ аз Яман, Лубнон, Ироқ, Тунис, Фаластин, Миср ва дигар кишварҳои исломӣ ва бо ҳадафи эҷоди ҷунбиши ҷаҳонии таҳрими Арабистон ҳамонанид ҷунбиши таҳрими режими саҳюнистӣ, роҳандозӣ шудааст.

Дар ин маърака ба мухотабон тавсия шуда, барои саҳим нашудан дар куштори кӯдакони яманӣ аз хариди колоҳои саудӣ худдорӣ кунанд.

Бархе аз колоҳои саудӣ, колоҳои амрикоӣ ҳастанд, ки дар хоки Арабистон ва дар қолаби ширкатҳои саудӣ тавлид мешаванд.

Душанбешаб низ маъракаи таҳрими колоҳои саудӣ, қасди роҳандозии тӯфони “Твиттер”-ӣ барои таҳрими колоҳои саудӣ дорад.

 

Барчасп