Декабр 28, 2018 18:52 Asia/Dushanbe
  • Ду шарти нахуствазири Ироқ барои дидор бо Трамп чӣ буд?

Манобеи ироқӣ эълом карданд, нахуствазири Ироқ барои дидор бо раиси ҷумҳурии Амрико дар пойгоҳи Айнуласад ду шарт таъйин карда буд, ки Трамп напазируфт.

Ба гузориши ИРНА, сафари аз пеш эъломнашуда ва ногаҳонии Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико ба Ироқ ва дидори ӯ бо низомиёни амрикоии мустақар дар ин пойгоҳ бо эътирози густурдаи шахсиятҳо, аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсии ин кишвар мувоҷеҳ шуд.

Пас аз ин сафар, дафтари Одил Абдулмаҳдӣ нахуствазири Ироқ дар иттилоияе эълом кард, лозим буд аз Трамп истиқболи расмӣ сурат гирад ва дидоре низ миёни вай ва нахуствазири Ироқ анҷом шавад, аммо "ихтилофи назар бар сари барномаи дидор" сабаб шуд ду тараф ба тамоси телефонӣ иктифо кунанд.

Шабакаи телевизионии Алғдири Ироқ ин "ихтилофи назар"-ро ду шарти нахуствазири Ироқ барои дидор бо Трамп унвон кардааст.

Ба гузориши ин шабака, Абдулмаҳдӣ ба Трамп эълом карда буд, дар сурате бо ӯ дидор мекунад, ки Трамп ба Бағдод низ сафар кунад ва дар гуфтугӯ бо мақомҳои ироқӣ ба мавзӯи таҳримҳои зиддиэронӣ напарозад.

Бар асос ин гузориш, ба далел ин ки Трамп шартҳои Абдулмаҳдиро напазируфт, ӯ низ барои дидор бо раиси ҷумҳурии Амрико ба пойгоҳи Айнуласад нарафт.

 

Барчасп