Декабр 28, 2018 20:35 Asia/Dushanbe
  • Рафтаҳо ба Сурия бозмегарданд

Пас аз бозгушоии сафорати Иморот дар Сурия ва таъйиди бозгашти дипломатҳои баҳрайнӣ ба Димишқ, баъзе манобеъ аз қасди давлати Кувайт барои бозгушоии сафорати худ дар Димишқ хабар медиҳанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Алолам, баъзе манобеи хабарӣ эълом кардаанд, ки давлати Кувайт баъд аз Баҳрайн ва Иморот, севумин кишвари арабии минтақа хоҳад буд, ки сафорати худро дар Димишқ бозгушоӣ хоҳад кард.

Пойгоҳи хабарии Алмасдар низ муддаӣ шуд, ки Кувайт 10 то 14 рӯзи дигар, пас аз ҳафт сол сафорати худро дар Димишқ боз хоҳад кард.

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ рӯзи панҷшанбе 27 декабр сафорати худро дар Димишқ бозгушоӣ кард.

Вазорати хориҷаи Баҳрайн низ панҷшанбешаб бо судури баёнияе азсаргирии фаъолиятҳои сафоратхонаи ин кишвар дар Сурияро мавриди таъйиди қарор дод.

Баъзе аз кишварҳои арабӣ аз ҷумла Иморот, Баҳрайн ва Кувайт ҳамзамон бо оғози буҳрони Сурия сафоратхонаҳои худ дар Димишқро бастанд ва равобити дипломатии худро бо давлати Сурия маҳдуд карданд.