Январ 01, 2019 11:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мустақими Ироқ ба нишасти саркардагони ДИИШ дар Сурия

Ҷангандаҳои ироқӣ маҳалли нишасти саркардаҳои гуруҳи террористии ДИИШро дар ҳумаи шаҳри Албукамол дар вилояти Дейраззур, шарқи Сурия ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши Parstoday; Вазорати дифои Ироқ эълом кард, ҷангандаҳои неруи ҳавоии ин кишвар рӯзи душанбе маҳалли нишасти саркардагони террористҳои ДИИШро дар минтақаи Ассуса дар вилояти марзии Дейраззури Сурия бамборон карданд.

Ситоди амалиёти муштараки вобаста ба Вазорати дифои Ироқ таъкид кард, ҷангандаҳои F-16 неруҳои ҳавоии инкишвар маҳалли баргузории нишасти гуруҳи ДИШШро дар минтақаи Ассуса, ки камаш 30 саркардаи ДИИШ дар он ҳузур доштанд ҳадаф қарор доданд.

Ситоди амалиёти муштараки Ироқ эълом кард дар ин ҳамла як хонаи ду кабата дар минтақаи Ассуса, ки мақарри террористҳои ДИИШ ва маҳалли баргузории ҷаласоти саркардаҳои ин гуруҳ буд, ба таври комил вайрон шуд.

Бар асоси баёнияи Вазорати дифои Ироқ, ҳамлаи ҳавоӣ ба хоки Сурия ба дастури Одил Абдулмаҳдӣ нахуствазир ва фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи Ироқ ва бар асоси гузориши сервисҳои иттилоотии Ироқ анҷом гирифт.

Чароғи сабз ба Ироқ барои ҳамлаи мустақим ба мавзеъҳои ДИИШ дар Сурия

Ин ҳамла ду рӯз пас аз дидори Фолеҳ Алфайёз мушовири амнияти миллии Ироқ бо Башор Асад раиси Ҷумҳурии Сурия дар Димишқ анҷом шуд.

Фолеҳ Алфайёз бо Башор Асад дар бораи таҳаввулоти амниятии минтақа пас аз тасмими Амрико барои хориҷ кардани низомиёни худ аз хоки Сурия гуфтугу кард.

Мушовири амнияти миллии Ироқ рӯзи душанбе дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт раиси ҷумҳури Сурия бо дархости Ироқ дар бораи иқдоми Бағдод барои бамборони ҳадафҳо ва мавзеъҳои ДИИШ дар хоки Сурия бидуни  иҷозатномаи каблии Димишқ мувофиқат кардааст.

Одил Абдулмаҳдӣ ҳафтаи гузашта эълом кард, Бағдод тадбирҳои низомии лозимро дар минтақаҳои марзии ин кишвар бо Сурия бо ҳадафи пешгирӣ аз ворид омадани осеби эҳтимолӣ ба Ироқ пас аз тасмими Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико барои хориҷ кардани низомиёни ин кишвар аз Сурия иттихоз кардааст.

Ироқ токунун чанд ҳамлаи ҳавоӣ ба мавозеъи террористҳои ДИИШ дар хоки Сурияро бо мувофиқати Димиш анҷом додааст.

Ҷангандаҳои артиши Ироқ чанд моҳ пеш ба мавзеъҳои ДИИШ дар минтақаи Ҳаҷин аз тобеъаҳои Албукамол дар вилояти Дейраззур шарқи Сурия  ҳамла карданд.

Ситоди муштараки артиши Ироқ ин ҳамларо муваффақиятомез хонд ва эълом кард дар он яке аз  пойгоҳҳои гуруҳи саҳюниятӣ-такфирии ДИИШ вайрон шуд.

Давлати Ироқ декабри 2017, поёни ҳузури низомии гуруҳи террористии ДИИШро эълом кард, аммо бақоёи баҷомонда аз террористҳо дар минтақаҳо пароканда шудаанд.

Артиш ва неруҳои мардумии Ироқ токунун амалиёти мутаъаддиде барои поксозии минтақаҳои мухталифи ин кишвар аз вуҷуди аносури ба ҷомонда аз ДИИШ анҷом додаанд.