Солгарди шаҳодати шайх Немер Боқир Аннемер + видео
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i40646
Имрӯз (чаҳоршанбе) дувуми январи соли 2019 севумин солгарди шаҳодати шайх Немер Боқир Немер, рӯҳонии муборизи арабистонӣ аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 02, 2019 13:37 Asia/Dushanbe
  • Солгарди шаҳодати шайх Немер Боқир Аннемер + видео

Имрӯз (чаҳоршанбе) дувуми январи соли 2019 севумин солгарди шаҳодати шайх Немер Боқир Немер, рӯҳонии муборизи арабистонӣ аст.

Шайх Немер Боқир Немер, рӯҳонии барҷастаи Арабистон дар июли соли 2012 тавассути режими оли Сауд боздошт шуд ва дар понздаҳуми октябри 2015 додгоҳи ҷиноии Арабистони Саудӣ ба иддаои иқдом алайҳи амнияти миллӣ ва муҳориба, ӯро ба эъдом бо шамшер ва ба салиб кашида шудан дар диди умумӣ маҳкум кард.

Шайх Немер Боқир Немер саранҷом дар дувуми январи соли 2016 ба иттиҳоми интиқод аз режими Саудӣ эъдом шуд.

Дар пайи ин иқдоми режими оли Сауд, мусалмонон дар кишварҳои мухталиф ин ҷинояти Арабистонро маҳкум карданд.