Ифшои ҷузъиёти шиканҷаи ваҳшиёнаи занон дар зиндонҳои Саудӣ
Созмони ҳуқуқи башари "Қист" дар баёнияе аз фалақ кардан ва шоки электирикӣ барои шиканҷаи фаъолони зан дар зиндонҳои Саудӣ хабар дод.
Созмони ҳуқуқи башари "Қист" таъкид кард: Бозҷӯҳои саудӣ аз яке аз фаъолони зани Арабистони дар ҳоле, ки бараҳна буд, акс гирифтанд ва дар замони бозҷӯӣ, ин аксро рӯйи мизи бозҷӯӣ гузошта буданд.
Созмони Қист, ҳамчунин аз коҳиши шадид вазн ва ошкор шудани асари шиканҷаи шадид бар рӯйи бадани се нафар аз ин фаъолон хабар дод.
Созмони ҳуқуқи башари "Қист" дар ин баёния тасреҳ кард: Сауд ал-Қаҳтонӣ мушовири собиқи дарбори салтанати Саудӣ, борҳо дар утоқҳои шиканҷа мушоҳида шуда ва ба яке аз занони боздоштшуда гуфтааст, ҳар коре бихоҳам бо ту мекунам ва баданатро ҳам дар асид (кислота) нобуд хоҳам кард.
Қист ҳамчунин аз шиканҷаи равонии ин фаъолони боздоштшуда хабар дод ва таъкид кард: Яке аз ин шеваҳо, эъломи дурӯғи фавти наздикони ин занон аст.
Дар ҳамин ҳол, Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал борҳо бо маҳкум кардани боздошти фаъолони арабистонӣ, эълом кард, баъзе аз ин фаъолони боздоштшуда бо иттиҳомҳои беасос ба беш аз 20 сол ҳабс маҳкум мешаванд.