Январ 05, 2019 15:22 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи артиши Яман: Эътилофи Саудӣ ҳамчунон оташбасро нақз мекунад

Сухангӯи артиши Яман эълом кард, эътилофи мутаҷовизони Саудӣ дар 24 соати гузашта 214 бор оташбас дар вилояти Алҳудайда, ғарби Яманро нақз кард.

Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории расмии Яман (Сабо), Яҳё Ассареъ, сухангӯи артиши Яман гуфт, муздурони саудӣ тайи 24 соатаи гузашта 172 гулӯлаи тӯп ба манотиқи маскунӣ ва мазореи шаҳрвандон ва пойгоҳҳои артиш шиллик карданд.

Ба гуфтаи сухангӯи артиши Яман, ҷангандаҳои эътилофи саудӣ 23 бор ба вилояти Саъда низ ҳадаф қарор доданд.

Сухангӯи артиши Яман бо ишора ба ҳамалоти ҷангандаҳои эътилоф ба вилоёти Ҳаҷҷа ва Алҷуф (шимоли Яман) афзуд, парвози ҳавопаймоҳои шиносоӣ ва ҷангии мутаҷовизони эътилоф бар фарози вилоят ва шаҳрҳои Алҳудайда ҳамчунон идома дорад.

Бо гузашти ҳудуди як моҳ аз тавофуқи Шветсия дар бораи оташбас дар шаҳри Алҳудайда ва бо вуҷуди иҷрои тавофуқ аз сӯйи Ансоруллоҳ ва артиши Яман, мутаҷовизони эътилофи Саудӣ ва Иморот ба ин тавофуқ пойбанд нестанд.

Созмони Милали Муттаҳид 29 декабр дар баёнияе хуруҷи нерӯҳои Ансоруллоҳ ва артиш Яман аз Алҳудайдаро таъйид кард.