Январ 06, 2019 14:26 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ осори дуздии кишварҳои арабиро ба намоиш гузошт

Режими саҳюнистӣ маҷмӯае аз осори таърихии дуздиро, ки аз кишварҳои арабӣ ба вижа Сурия ва Ироқ ва низ Каронаи бохтарӣ дар Фаластини ишғолӣ дуздида, бо номи "Осори таърихии гумшуда" ба намоиш гузоштааст.

Ба гузориши ИРНА, шаҳрдори режими ишғолгари саҳюнистӣ бо ба намоиш гузоштани осори таърихии дуздии кишварҳои арабӣ дар музейе бо унвони "Сарзминҳои китоби муқаддас" мекӯшад ҳувияти бепоя ва ҷаълии ин режимро ба исбот бирасонад, ки мавриди интиқоди дигар кишварҳо қарор гирифт.

Ин кишварҳо бо таъкид бар мамнуъияти амалиёти низомиёни ишғолгари Исроил дар ҳаффории сарзаминҳои Фаластин ва истихроҷи осори тарихии он бар асоси қонунҳои байналмилалӣ ва муоҳидаи Женева, ин иқдоми таҷовузкоронаи саҳюнистҳоро маҳкум карданд.

 Режими саҳюнистӣ бо татмиъи афроди судҷӯ ва фурсатталаб ва бо пардохти маблағҳои зиёде ба дунболи маҳви ҳувияти таърихии Фаластин ва холӣ кардани сарзаминҳои фаластинӣ аз осори обо ва аҷдоди онҳо ва талош барои исботи таърихи ҷаълии худ аст.

Пештар низ мардуми Мағриб бо мушоҳидаи Қуръони нодири худ дар сайти китобхонаи режими саҳюнистӣ хашмгин шуданд ва таъкид карданд: Ин Қуръони дастнавис бо оби тило дар даврони Бани Абулҳасан навишта шудааст.

Режими саҳюнистӣ илова бар Қуръони мағрибӣ, дастнавиштаҳо ва китобҳои хаттии зиёдеро дар донишгоҳи худ ба намоиш гузошта, ки дар соли 1948 аз Фаластин, Мағриб ва дигар кишварҳо дуздидааст.

 

Барчасп