Ҳушдори Созмони Милал дар мавриди шиддат ёфтани даргириҳо дар Яман
Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди идомаи ҳамалоти эътилофи Саудӣ ва шиддат ёфтани даргириҳо дар Яман ҳушдор дод.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа дар баёнияе дар бораи ташдиди даргириҳо дар Яман ибрози нигаронӣ кард.
Мартин Грифитс, намояндаи Созмони Милал дар умури Яман низ эълом кард, тарафҳои даргир дар Яман бояд аз ташдиди бештари буҳрон дар ин кишвар худдорӣ кунанд.
Яҳё Ассареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман низ аз идомаи нақзи оташбас дар шаҳри бандарии Алҳудайдаи ғарби ин кишвар аз сӯи эътилофи мутаҷовизи Саудӣ хабар дод.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман афзуд, мутаҷовизони саудӣ ва муздурони онҳо дар 48 соати гузашта 89 бор оташбас дар шаҳри Алҳудайдаро нақз кардаанд.
Оташбаси мавриди тавофуқ дар нишасти ахири Шветсия миёни ҳайати эъзомӣ аз Санъо ва ҳайати Риёз аз 18 декабр дар шаҳри Алҳудайда оғоз шудааст, аммо эътилофи Саудӣ ҳар рӯз онро нақз мекунад.
Бандари Алҳудайда аслитарин масири ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Яман аст.
То кунун чандин бор барои поён додан ба ҷанги Яман таҳаррукоте сурат гирифта, аммо ҳар бор бо коршикании Арабистон ва муттаҳидонаш ба бунбаст расидааст.
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.
Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз чаҳордаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.