Валиаҳди Арабистон бародари худро боздошти хонагӣ кард
Валиаҳди Арабистони Саудӣ яке аз бародарони худро боздошти хонагӣ кардааст.
Ба гузориши шабакаи Алолам, ҳисоби корбарии твиттерии Алъаҳдулҷадид рӯзи панҷшанбе навишт: Муҳаммад ибни Салмон бародараш Бандар ибни Салмонро пеши модараш Фаҳда оли Ҳаслин дар Абҳо фиристода ва онҳо дар қасре дар Абҳо дар боздошти хонагӣ ба сар мебаранд.
Дар як соли гузашта, ба вижа баъд аз валиаҳд шудани Муҳаммад ибни Салмон, ки сиёсатҳои Амрико ва Исроилро дар минтақа иҷро мекунад, даҳҳо нафар аз бозаргонон, руҳониён, шоҳзодагон ва уламои Арабистон боздошт ва равонаи зиндон шудаанд ё дар ҳабси хонагӣ қарор гирифтаанд.
Шоҳзодагон, вазирон ва корофаринони Саудӣ, ки ба номи мубориза бо фасоди молӣ дар Арабистони Саудӣ боздошт шуда буданд, барои озод шудан аз зиндон беш аз 106 миллиард доллар ба хазонаи ин кишвар пардохтанд.