Январ 23, 2019 12:37 Asia/Dushanbe
  • Гуруснанишнии беш аз 1200 асири фаластинӣ дар зиндон

Беш аз 1200 асири фаластинӣ дар зиндони саҳюнистии Офер, дар эътироз ба ҳамалоти низомиёни ин режим ба асирони фаластинӣ, иқдом ба эътисоби ғизо (гуруснанишинӣ) карданд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ аз рӯзи шанбе то кунун ба тафтиш ва саркӯби бахшҳои маҳалли нигаҳдории асирони фаластинӣ дар зиндони Офер идома медиҳанд ва то кунун даҳҳо асири фаластинӣ захмӣ шудаанд.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, Бошгоҳи асирони Фаластин рӯзи сешанбе дар баёнияе изҳор дошт, идораи зиндонҳои саҳюнистӣ наздик ба 150 асири фаластиниро, ки дар ҳамлаи низомиёни исроилӣ захмӣ шуда буданд, аз бемористонҳо ба зиндони Овер бозгардонданд.

Бошгоҳи асирони Фаластин афзуд, дар миёни асирони маҷрӯҳшуда 6 нафар дучори шикастагӣ шуда ва 40 нафар аз ноҳияи сар осеб дида буданд ва бақияи асирон низ дар асари исобати гулӯла захмӣ шуда буданд.

Бар асоси охирин омори расмии Кумитаи умури асирони фаластинӣ, дастикам 6500 асири фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ҳастанд, ки дар байни онҳо 350 кӯдак, 62 зан ва 1800 бемор вуҷуд доранд ва 700 асир низ ниёзманди дармони фаврӣ ҳастанд.

Иқдомоти режими саҳюнистӣ дар саркӯби асирони фаластинӣ, ки ба авзои номуносиби зиндонҳои Исроил норозӣ ҳастанд, баёнгари он аст, ки ин режим дар сукут ва бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар пайи куштори бештари фаластиниҳо ба шеваҳои мухталиф аст.

 

Барчасп