Январ 24, 2019 19:38 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи генерали исроилӣ ба тавонмандии дифоии Сурия

Як генерали бознишастаи артиши Исроил ба қудрати низомӣ ва тавони дифоии артиши Сурия эътироф кард.

Ба гузориши “Канали 7”-и телевизиони Исроил, Яъқуб Амидор, генерали бознишастаи артиши Исроил дар вокуниш ба таҳдиди Сурия мабни бар ҳамла ба фурудгоҳи Тел-Авив, гуфт: Артиши Сурия қудрати амалӣ кардани чунин таҳдидеро доранд.

Башор Ҷаъфарӣ, намояндаи доими Сурия дар Созмони Милали Муттаҳид эҳтимоли бомбаборони фурудгоҳи Тел-Авивро пас аз истимрори ҳамалоти хасмонаи ахири режими саҳюнистӣ ба фурудгоҳи байналмилалии Димишқ матраҳ кардааст.

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ бомдоди душанбе ба Димишқ, пойтахти Сурия ҳамла карданд.

Бар асоси гузориши расонаҳои Сурия, падофанди ҳавоии ин кишвар, чандин мушаки шиллик шуда тавассути ҷангандаҳои исроилиро раҳгирӣ ва мунҳадим карданд.

Режими саҳюнистӣ бархилофи қавонини байналмилалӣ, фақат дар моҳ январи 2019, се навбат ба хоки Сурия ҳамла кардааст.

 

Барчасп