Январ 26, 2019 12:53 Asia/Dushanbe
  • Арабистон дар феҳристи ҳомиёни терроризми Иттиҳоди Аврупо

Арабистони саудӣ дар феҳристи ҳомиёни терроризми Иттиҳоди Аврупо қарор гирифт.

Ба гузориши Рейтерз, Иттиҳоди Аврупо рӯзи ҷумъа кӯтоҳии Арабистонро дар мубориза бо таъмини молии терроризм ва пулшӯӣ ошкору қатъӣ донист ва аз намояндагони комиссияи Аврупо хост, иқдоми муносибро дар ин замина анҷом диҳанд.

Ин нахустин бор нест, ки Арабистони Саудӣ ба таъмини молии гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ муттаҳам мешавад.

Арабистони Саудӣ ҳамвора ба гурӯҳҳои террористие ҳамчун Алқоида ва ё ДИИШ кумаки молӣ кардааст. Арабистон аз Сурия гирифта то Ироқ ва дигар манотиқ ба террористҳои диишӣ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ кумаки молӣ кардааст.

Арабистони Саудӣ, ки аз соли 2011барандози низоми Сурия ва мамониат аз тағйири тавозуни қудрати минтақаӣ ба нафъи меҳвари муқовиматро пайгирӣ мекунад, барои дастёбӣ ба ин ҳадаф ҳимоят аз гурӯҳҳои террористиро дар дастури кор қарор дод.

 

Барчасп